ABNA24 : Бино ба бароварди Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳоли ҳозир, беш аз 40 миллион нафар ба шаклҳои мухталиф барда ҳастанд, ки аз ин миён занону кӯдакон беш аз 70 дарсад аз қурбониёни бардадориро ташкил медиҳанд.
Бар асоси ин гузориш, Африқо ва Осиё бештарин қурбонии бардадорӣ ҳастанд.
Ҳамчунин баровард мешавад, ҳудӯди яку ниммиллион барда дар кишварҳои тавсеъаёфта зиндагӣ мекунанд.
Бар асоси додаҳои Созмони Милали Муттаҳид, байни 600 ва 800 ҳазор нафар дар сол қурбонии қочоқи инсон мешаванд.
Дар Покистон мавориде, ки ба таври расмӣ сабт шуда бисёр коҳиш ёфта, аммо ҷиноят ҳамчунон идома дорад.
Ғода Волӣ, мудири иҷроии дафтари умӯри муқобила бо ҷароим ва маводи мухаддири СММ дар ин замина ахиран гуфт, ҳамагирии корона осебпазириҳои қурбониён дар баробари масаълаи қочоқи инсонро ташдид кард, батавре, ки раҳгирии қочоқчиёни инсон сахттар шуду қурбониёни қочоқи инсон бо чолишҳое барои дарёфти кумак ва дастрасӣ ба адолат дасту панҷа нарм кардаанд.
Давлати Амрико солона гузоришҳои мухталифе дар заминаи тероризм, ҳуқуқи башар, қочоқи инсону дигар маворид мунташир мекунад ва тақрибан дар тамоми ин гузоришҳо Эронро дар поинтарин сутӯҳ қарор дода ва ҳар бор феҳристе аз иттиҳомотро алайҳи Эрон матраҳ мекунад.
342/